Сироҷиддин Муҳриддин дар Сафорати Беларус дар Тоҷикистон дар Китоби тасаллият сабт гузошт
ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимаи аввали 28 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз Сафорати Беларус дар Тоҷикистон боздид намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Китоби тасаллият оид ба ҳамдардии ҷониби Тоҷикистон дар робита ба даргузашти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Владимир Макей сабт гузошт, ки дар он чунин омадааст:
«Аз номи кормандони хидмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ба тамоми кормандони хидмати дипломатии Ҷумҳурии Беларус дар робита ба даргузашти нобаҳангоми вазири корҳои хориҷӣ Владимир Владимирович Макей ҳамдардии самимона изҳор менамоям.
Владимир Владимирович дар Тоҷикистон ба ҳайси ходими давлатие, ки манфиатҳои миллии Беларусро қотеъона ҳимоя мекард ва масоили ба роҳ мондани ҳамкории густурдаи байналмилалиро моҳирона танзим менамуд, хотирмон хоҳад буд. Маҳз ҳамин сифатҳои баланди касбӣ муҷиби эҳтироми баланд ва нуфузу эътибори Владимир Владимирович дар арсаи байналмилалӣ гаштанд.
Мо ба саҳми назарраси Владимир Владимирович дар тақвияти муносибатҳои дӯстии самимона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус арҷ мегузорем.
Шахсан муносибати бародарона ва эътимоди комили Владимир Владимировичро ҳамеша дар хотир хоҳам дошт ва қадр хоҳам кард.
Ба ғаму андӯҳи хешон ва наздикони Владимир Владимирович ҳамроҳ ҳастам.
Рӯҳат шод бод, дӯсти азиз…»
Ёдовар мешавем, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Владимир Макей 26 ноябр даргузашт.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






