«СОАТИ СИЁСӢ» ВА «МАКТАБИ МАН». Ташаббусҳои КИ ҲХДТ дар Хатлон омили ташаккули афкори наврасону ҷавонон гардидаанд
ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Соати сиёсӣ» ташаббуси нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мебошад, ки дар доираи амалиёти муштарак моҳе як маротиба дар муассисаҳои таълимии вилоят тариқи баргузории дарсҳои кушод ба роҳ монда мешавад. Дар доираи амалиёти мазкур сиёсатшиносону собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ давоми як соат бо наврасону ҷавонон оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз суҳбат намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
26 ноябр тибқи нақша амалиёти муштараки «Соати сиёсӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир гардид ва дар он оид ба мавзӯъҳои «Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи тоҷик», «Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ –иқтисодии кишвар» ва «Тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки наврасону ҷавонон ба мавзӯъҳои зикргардида таваҷҷуҳи хосса дошта, иштирок дар «Соати сиёсӣ»-ро омили ташаккули афкор ва донишҳои сиёсии худ мешуморанд.
Дар доираи ташкилу баргузории «Дарси сиёсӣ» ҳадафҳои зерин: баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони 12-24- сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор ва инчунин ҳавасмандгардонии шахсони дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот амалӣ гардида истодаанд.
Тибқи мушоҳидаҳо, ташаббусҳои ҳизбии «Соати сиёсӣ» ва «Мактаби ман» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар сатҳи хуб баргузор гардида, хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ моҳияти ташаббуси ҳизбиро хуб дарк мекунанд ва дар ободу зебо гардонидани муассисаҳои таҳсилкардаи худ саҳми муассир гузошта истодаанд. «Соати сиёсӣ» ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсӣ ва сатҳи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон нақши муасир гузошта, ҷавонон ба василаи муколама бо шахсиятҳои маъруф роҳи худро дар зиндагӣ интихоб менамоянд.
Ҳамчунин фаъолони ҳизб дар доираи дарсҳои кушоди «Соати сиёсӣ» аз миёни ҷавонон намояндагони ояндаи ҳизбро интихоб менамоянд, ки ин ҳам яке аз ҳадафҳои роҳандозӣ гардидани «Соати сиёсӣ» дар муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ мегардад.
«Соати сиёсӣ» дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон доир гардида, дар он сиёсатшиносон, олимону коршиносони масоили сиёсӣ, собиқадорон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба оид ба мавзӯъҳои мубрами ҷомеа ва вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон ва минтақа ибрози андеша менамоянд.
Амалиёти «Соати сиёсӣ» ва «Мактаби ман» ҳафтаи охири ҳар моҳ дар тамоми муассисаҳои ҳудуди вилояти Хатлон доир гардида, ин ташаббусҳои ҳизбӣ миёни сокинон ҳамовозии зиёд пайдо кардаанд.
АКС: КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






