Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 27)

Ноябрь 7, 2022 23:59

07.11.2022, Миср

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории иҷлоси имрӯза миннатдории худро иброз намоям.

Хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли равон дар ҷаҳон ва аз он ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад.

Тоҷикистон бо 93 фоизи ҳудуди куҳсораш дар баробари тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад.

Офатҳои табиии вобаста ба ин раванд ҳамасола ба иқтисоди кишвари мо садҳо миллион доллар хисорот ворид карда, дар бисёр ҳолат боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.

Қобили зикр аст, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле ночиз аст ва дар ин радабандӣ кишвари мо дар ҷойи 130-ум қарор дорад, яъне аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд.

Зиёда аз 98 фоизи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда, яъне “энергияи сабз”, бахусус гидроэнергетика ба даст меояд ва аз рӯи ин нишондиҳанда мо дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорем.

Ҳамзамон, мо нақша дорем, ки то соли 2050, ҳиссаи худро дар иҷрои стратегияи “сифр — партов” тавассути рушди “энергияи сабз” боз ҳам афзоиш диҳем.

Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (2030) ва як қатор санадҳои дигарро қабул намудааст.

Муҳтарам ҷаноби Раис,

Захираҳои об дар раванди мутобиқшавӣ ва устуворнокӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳамчунин, коҳиш додани оқибатҳои он нақши калидӣ доранд.

Афзоиши офатҳои табиии вобаста ба об робитаи ногусастании захираҳои онро бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд.

Имрӯз захираҳои об зери таъсири ҷиддии тағйирёбии иқлим қарор доранд.

Намунаи возеҳи ин падидаро мо дар обшавии босуръати пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, мушоҳида менамоем.

Тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи мо як ҳазораш пурра аз байн рафтааст.

Бо дарнарназардошти он ки пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон, ки дар ҳудудаш 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, ин раванд ба нақшаҳои истифодабарии об дар кишварҳои минтақа мушкилоти иловагиро ба бор хоҳад овард.

Дар ин замина, мо дар доираи Эътилофи обу иқлим пешниҳод намудем, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, мо дар доираи талошҳоямон барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи марти соли 2023 таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд баргузор мегардад, ҳамбастагии обу иқлимро ба ҳайси яке аз мавзӯъҳои асосии Конфронс пешниҳод намудаем.

Мо, ҳамчунин, дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об тарҳи Рӯзномаи амал дар соҳаи обро, ки бояд уҳдадориву амалҳоро дар чорчӯби Конфронси соли оянда ба ҳам оварад, манзур намудем.

Итминон дорам, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавассути иштироки фаъол, гирифтани уҳдадорӣ ва суръатбахшии амалҳо дар татбиқи ин масъулияти бузург моро дастгирӣ хоҳанд кард.

Ба ҳамаи мо натиҷаҳои бобарор аз иҷлоси имрӯза ва дар роҳ ба сӯи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли оянда ягонагиву ҳамдилӣ орзу менамоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Ноябрь 7, 2022 23:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Театри миллиро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи миллиро бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чор лоиҳаи муҳим, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод равона шудаанд, муаррифӣ гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод якчанд иншооти соҳаи маорифро фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи «Роғун» аз хобгоҳи бунёднамудаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун ду иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд