ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, ҷумъа, 308-умин рӯзи соли 2022 аст

Ноябрь 4, 2022 08:00

4 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси илмию амалии байналмилалии «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.

***

6 сол қабл, 4 ноябри соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши операи «Комде ва Мадан» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Сеул-Душанбе бори нахуст парвоз анҷом дод.

4 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Украина — Рӯзи кормандони роҳи оҳан.

***

Дар Арманистон – Рӯзи кормандони иҷтимоӣ.

РӮЙДОДҲО:

4 ноябри соли 2014 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе бевосита шинос шуда, чанд бинои нави истиқоматӣ ва иншооти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

4 ноябри соли 2009 Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Полша дар соҳаҳои фарҳанг, илм, таҳсилоти олӣ ва маданӣ ба имзо расид.

***

4 ноябри соли 1967 манораи телевизионии «Останкино» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2017 Чемпиони  Тоҷикистон -дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 бо дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ  бозӣ анҷом дода, бо соҳиб шудан ба ҷои дуюм  500 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст овард.

***

Соли 1862 ихтироъкори америкоӣ Р. Гатлинг «Оташи тез» (пулемёт) ихтироъ кард.

Ноябрь 4, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2024 аст