ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 ноябр, чоршанбе, 313-юмин рӯзи соли 2022 аст

Ноябрь 9, 2022 08:00

9 ноябри соли 2010  дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 29 — уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ намуданд.

***

12 сол пеш, 9 ноябри соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди як қатор иншооти соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Варзоб санги асос гузоштанд.

9 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бо фашизм ва нажодпарастӣ.

***

Дар Камбоҷа- Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи парчами давлатӣ.

РӮЙДОДҲО:

9 ноябри соли 2008 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон оғоз гардида, 4 рӯз идома ёфтанд.

***

9 ноябри соли 2011 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.

***

10 сол пеш, 9 ноябри соли 2012 масъалаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркия муҳокима шуданд.

***

9 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дастаи  мунтахаби  то 19-солаи футболи Точикистон  таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар бозии охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби то 19-солаи Ӯзбекистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ба сабқати муҳташами қора роҳхати мустақим ба даст овард.

***

4 сол пеш, 9 ноябри соли 2018 зимни ҷаласаи Кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи ҳайати Тоҷикистон таҳти унвони «Бознигарии фарогири миёнамуҳлати раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» муаррифӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018  Маркази муқовимат бо терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. 

***

Дар ин рӯзи соли 1963 дар Япония дар натиҷаи таркиши кон наздик ба 450 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

9 ноябри соли 1992 Шартнома оид ба мусаллаҳшавии муқаррарӣ дар Аврупо ба кор оғоз кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1918 дар Фаронса аввалин шумораи рӯзномаи  «Роте Фане» нашр шуд.

***

Соли 1951 ИМА аввалин маротиба санҷиши зеризаминии бомбаи атомӣ гузаронид.

 

Ноябрь 9, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, сешанбе, 245-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, душанбе, 244-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, якшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, шанбе, 242-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, ҷумъа, 241-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, панҷшанбе, 240-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, чоршанбе, 239-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, сешанбе, 238-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, душанбе, 237-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, якшанбе, 236-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, шанбе, 235-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, ҷумъа, 234-умин рӯзи соли 2025 аст