«ТАБИБИ ХАСАКӢ». Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бухоро ба тамошобинони навраси Тоҷикистон ин намоишро пешкаш менамояд

Ноябрь 17, 2022 09:33

ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 15 ноябр ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Табиби хасакӣ»-ро пешкаши тамошобинон гардонида истодаанд, ки то 22 ноябр идома меёбад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» роҳбари бадеии театри мазкур Наргис Розиқова.

Намоиши мазкур дар як рӯз ду-се маротиба бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешкаши ҳаводорон мегардад.

Коргардони намоиши мазкур Муноҷот Эргашева буда, дар он ҳунармандон Елена Вардашева, Зилола Каршиева, Алишер Тошпулатов, Беҳрӯз Муҳидов нақш меофаранд. Он аз рӯи афсонаҳои тоҷикӣ гирифта шуда, барои наврасони аз 5-сола боло омода шудааст.

Муҳтавои намоиш чунин аст: Ноғлой пиразане мебошад, ки мехоҳад беазоб сарватманд шавад. Ҳамин тавр вай роҳи нодурустро пеш мегирад ва духтари подшоҳро заҳролуд мекунад. Худро ба подшоҳ барои табобат кардани малика ҳамчун табиб шинос менамояд. Аз табобат бехабар будан ва ба роҳи фиреб рафтанаш ошкор шуда, оқибат ӯро аз кишвар бадарға мекунанд. Аз шифо ёфтан ё наёфтани малика тамошобинон метавонанд дар театр огоҳ шаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 17, 2022 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид