Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон барои гузаронидани об тавассути обанбори Қайроққум ба тавофуқ расиданд
ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон дар мавриди гузаронидани ҳаҷми об аз обанбори «Баҳри тоҷик» якдилона ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Сериккали Брекешев дар ҷаласаи ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон хабар дод. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора АБИ «Казинформ» хабар додааст.
Вай дар бораи бурдани корҳо бо кишварҳои ҳамсоя ҷиҳати таъмини партоби иловагии об аз обанборҳои болооб гузориш дод.
«Шартҳои коркарди обанбори «Баҳри тоҷик» мувофиқа карда шуданд. Ин шартҳо дар Душанбе бо бастани санади сеҷониба (Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон) мустаҳкам карда шудаанд”, — таъкид намуд вазир.
Қобили зикр аст, ки тавофуқ дар бораи гузаронидани об тавассути обанбори «Баҳри тоҷик», ки аз Токтогули Қирғизистон партоб шудааст, моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе бо бастани санади сеҷониба (Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон) ҳосил шуда буд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, соли 2021 дар ҳавзаи дарёи Сир вазъи мушкили хоҷагии об ба вуҷуд омад, ки ба камобӣ алоқаманд аст. Баъзе вилоятҳои Қазоқистон бинобар хушксолӣ ба вазъияти душвор дучор гардиданд. Ба деҳқонони маҳаллӣ зарур омад, ки майдони киштро кам кунанд, ҳукуматдорони ҷумҳурӣ маҷбур шуданд барои бо об таъмин намудани минтақаҳо чораҳои таъҷилӣ бинанд. Норасоии захираҳо дар Сирдарё ва обанбори Шардарин сабаби хушксолии вилоятҳои Туркистон ва Қизилӯрдаи кишвар гардид.
Он замон Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири вақти экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Мағзум Мирзагалиев (аз 14 апрели соли 2022 — Раиси раёсати ширкати миллии “КазМунайГаз”) зимни ҷаласаи муштарак дар Душанбе ба созиш расиданд, ки бар ивази таҷҳизот ва сӯзишворию равғанҳои молиданӣ аз обанбори «Баҳри тоҷик» 315 миллион метри мукааб об дода шавад. Маълум аст, ки партофти об дар давраи аз моҳи июн то август гузаронда мешавад.
Тавре хадамоти матбуоти Вазорати экологияи Қазоқистон дар Telegram хабар додааст, ҳаҷми оби мазкур норасоии оби ирригатсионӣ дар мавсими кишт дар вилоятҳои Туркистон ва Қизилӯрдаро коҳиш медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки аввалҳои моҳи май давлатҳои Осиёи Марказӣ лимити обгирҳо (иншооти гидротехникӣ барои гирифтани об аз дарёю ҳавз) ва низоми кори силсилаобанборҳои Норин-Сирдарёро барои мавсими кишту кори соли 2021 тасдиқ карданд. Аз соли 1992 миёни Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон Созишнома «Дар бораи ҳамкорӣ дар бахши идораи муштараки истифода ва ҳифзи манбаъҳои обии сарчашмаҳои байнидавлатӣ» амал мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






