Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар заминаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Намояндаи махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои иқлим Ҷон Керрӣ дар ҳошияи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Шарм-уш-Шайхи Миср баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баҳодур Шерализода ба Ҷон Керрӣ дар бораи иқдомоти кунунии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим, об ва муҳити зист маълумот дод. Аз ҷумла, ба ташаббуси Тоҷикистон дар мавриди эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Ҳамчунин дар бораи ҳамкории Кумита ва Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар соҳаи ҳиссагузориҳои миллии муайяншуда сухан рафт.
Ҷон Керрӣ аҳамият ва саривақтӣ будани ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбарияти олии Тоҷикистонро дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва об махсус таъкид намуд.
Ҳамчунин мавсуф ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи ташаббуси ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо – Уҳдадориҳои глобалии метан, ки кишварҳои ҳамроҳ тасмим доранд то соли 2030 партови метанро то 30% коҳиш диҳанд, маълумот дод.
Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ба ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар заминаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист тақвият бахшанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд






