Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба вазъи амниятӣ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфтугӯи судманд дар масоили марбут ба вазъи амниятӣ дар Афғонистон, инчунин ҳамкории ҷонибҳо дар самти муқовимат бар зидди терроризми байналмилалию ифротгароӣ доир гардид.
Ҳамчунин роҷеъ ба робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки 18 ноябр дар шаҳри Самарқанд нахустин Конфронси ҳамбастагӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: «Дарвозаҳои глобалӣ» барои рушди устувор баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.
Дар нишасти мазкур масоили марбут ба ҳамбастагии устувор, фароҳам овардани имконият барои тавсеа ва рушди робитаҳои байниминтақавӣ дар самтҳои рақамикунонӣ, таҳкими масирҳои нақлиётӣ, обу энергетика ва ҳифзи муҳити зист муҳокима гардид.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дидгоҳи кишварро бобати рушди ҳамкории бисёрҷониба ва рушди устувор дар ҳошияи ин абзор баён намуд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






