«ҲУНАРМАНДИ СОЛ – 2022». Ғолибони даврҳои якум ва дуюми сатҳи шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятии ин озмун қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 05.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни «Ҳунарманди сол – 2022» баргузор гардид. Дар он 22 ҳунарманди ғолиби даврҳои якум ва дуюми сатҳи шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ, “Диплом”-у “Сипоснома”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд.
Дар даври ниҳоии озмун намоиши маҳсули дасти ҳунармандон доир гардид, ки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва роҳбарияти вазорату кумитаҳои дахлдор дидан намуданд.
Озмуни мазкур дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо дар 2 давр аз рўйи 6 номина: кандакорӣ ва дуредгарӣ дар чӯб (гаҳворасозӣ, қошуқтарошӣ, табақтарошӣ, армуғонсозӣ, шонасозӣ); дӯзандагӣ (гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чакандӯзӣ, шероздӯзӣ, куртадӯзӣ); наққошӣ, рассомӣ (миниатюранигорӣ, кундалнигорӣ, хаттотӣ); кулолгарӣ, аъҷубасозӣ; бофандагӣ (атласбофӣ, адрасбофӣ, беқасаббофӣ, читгарӣ); коркарди метал (заргарӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, оҳангарӣ) аз нимаи моҳи июни соли равон оғоз шуда, дар арафаи 25 -солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд.
Озмун аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






