Вакили Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи 8-уми сайёр оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар ҷаласаи 8-уми сайёри намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар доираи иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср иштирок ва дар мавзӯи «Пешрафт дар самти такмили қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати иқлимӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифта оид ба иқлим» сухан гуфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иброз намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеияти мушкилоти тағйирёбии иқлим ва зарурати амалкарди ҳамоҳангшуда ва глобалиро ба таври қатъӣ эътироф кардааст. Бисёре аз бахшҳои иқтисодиёт, экосистемаҳои табиӣ ва саломатии аҳолӣ ба ҳодисаҳои номусоиди обу ҳаво ва тамоюлҳои дарозмуддати устувори тағйирёбии иқлим бештар осебпазир мешаванд.
Ӯ гуфт, яке аз мушкилоти ҷиддии байналмиллалии асри XXI, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин тағйийрёбии иқлим, яъне зиёд шудани консентратсияи газҳои гулхонаӣ (CO2) дар атмосфера мебошад.
Иқтидори коҳиш додани хориҷшавии газҳои гулхонаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки то соли 2030 65-75% аз сатҳи соли 1990 таъмин карда шавад, ки ин 1,2-1,7 тонна эквиваленти СО2-ро ба ҳар сари аҳолӣ ташкил медиҳад. Ин саҳми кишвар дар коҳиш додани газҳои гулхонаӣ дар уҳдадориҳои ба зимма гирифтаи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Ин шароит фароҳам мекунад, ки амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва барномаҳои миллӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқ,энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва идоракунии захираҳои об, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, афзунгардонӣ ва диверсификатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва коҳиш додани талафоти энергетикӣ, таҷдид, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва рушди бахшҳои иқтисодиёт имконпазир гардад.
«Дар Тоҷикистон заминаи қонунгузорӣ ва дастурии амалҳое, ки ба ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим нигаронида шудаанд, фароҳам оварда шудааст»,-тазаккур дод Муҳаммадраҳим Юсуфӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Созишномаи Париж барои коҳиш додани таъсири тағйири иқлим якчанд тадбирҳои қонунгузорӣ ва иқтисодӣ андешидааст.
Акс: МН МО ҶТ








ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд






