ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ БЕЛАРУС ВЛАДИМИР МАКЕЙ ДАРГУЗАШТ. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита изҳори тасаллӣ кардааст

Ноябрь 28, 2022 09:08

ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шанбе, 26 ноябр Вазири корҳои хориҷии Беларус Владимир Макей даргузашт. Президенти Беларус Александр Лукашенко ба наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории давлатии «БелТА».

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба даргузашти роҳбари ВКХ Беларус изҳори ҳамдардӣ кардааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар барқия гуфта мешавад:

«Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари даргузашти нобаҳангоми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Владимир Макейро бо эҳсоси андӯҳи амиқ қабул кард.

Владимир Владимирович дипломати барҷаста буда, дар рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Беларус саҳми арзанда гузоштааст.

Мо ба ҳама наздикону пайвандони Владимир Владимирович Макей вобаста ба талафоти вазнин таъзияи амиқ баён мекунем».

Владимир Владимирович Макей соли 1958 дар вилояти Гродно таваллуд шудааст.

Соли 1980 Донишкадаи давлатии омӯзгории забонҳои хориҷии Минск, соли 1993 Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Австрияро хатм кардааст. Солҳои 1980-1993 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС ва Беларус хидмат кардааст. Ӯ полковник мустаъфӣ буд.

Солҳои 1993-1995 котиби сеюми Раёсати иттилоот ва ҳамкории башардӯстона, котиби дуюми шуъбаи таҳлил ва пешгӯӣ, котиби дуюми котиботи Вазири корҳои хориҷии Беларус буд. Солҳои 1995-1996 — муовини сардори Хадамоти давлатии протоколи Вазорати корҳои хориҷӣ буд. Солҳои 1996-1999 — намояндаи Ҷумҳурии Беларус дар Шӯрои Аврупо, мушовири Сафорати Беларус дар Фаронса, солҳои 1999-2000 сардори шуъбаи ҳамкории умумиаврупоии Вазорати корҳои хориҷии Беларус буд. Солҳои 2000-2008 — ёрдамчии президенти Беларус, солҳои 2008-2012 роҳбари дастгоҳи Президенти Беларус буд.

Владимир Макей аз 22 августи соли 2012 Вазири корҳои хориҷии Беларус буд. Ӯ рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор дошт.

АКС: «БелТА»

Ноябрь 28, 2022 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд