22 ДЕКАБР — РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Ба таъсиси ширкати «Помир — энерҷӣ» бист сол пур мешавад

Декабрь 22, 2022 11:16

ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саросари мамлакат Рӯзи энергетика таҷлил карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуд. Дар робита ба ин, соли 2002 Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд нахустин лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусиро роҳандозӣ намуд. Барои дар амал татбиқ намудани он Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир-Энерҷӣ» таъсис дода шуд, ки имсол ба фаъолияти он 20 сол пур мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи энергетикаи ВМКБ таърихи зиёда аз садсола дошта, якумин дастгоҳи хурди барқӣ ҳанӯз соли 1910 дар поёноби чашмаи Хуфак- дар шаҳри Хоруғ омодаи кор гардонида шуда буд. Сипас, соли 1913 дар поёноби ҳамин чашма неругоҳи хурди барқӣ сохта шуд, ки аз он танҳо идораҳои алоҳида ва баъзе манзилҳои истиқоматии соҳили рости дарёи Ғунд истифода мебурданд.

Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ таъмини истгоҳҳои дизелӣ бо маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ғайриимкон гардида, тамоми истгоҳҳои дизелӣ пурра аз кор бозмонданд. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати мамлакат масъалаи сохтмони неругоҳи барқи обии «Помир–1»-ро ба миён гузошт. Бунёди неругоҳи мазкур соли 1985 оғоз гардида, мебоист то охири соли 1991 пурра ба анҷом расонида мешуд, вале аз сабаби ба амал омадани бесарусомониҳои солҳои 90 асри гузашта сохтмони он мавқуф гузошта шуд.

Дар натиҷа бо талошҳои пайгирона ва иштироки бевоситаи Сарвари хирадманду дурандеш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 марти соли 1994 ду генератори нахустини ин неругоҳ бо тавоноии умумии 14 ҳазор кВт ба кор дароварда шуданд.Давоми солҳои навадуми қарни гузашта дар вилоят ҳамчунин боз ду неругоҳи хурди барқи обӣ дар ноҳияи Ванҷ — «Техарв» (соли 1995) бо тавоноии 360 кВт ва «Арбобак» (соли 1997) бо иқтидори 300 кВт мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳамчунин давоми солҳои 2015-2016 неругоҳҳои барқи обии хурди аз заминҷунбӣ зарардидаи водии Бартанг- «Пасор», «Савноб», «Басид» ва «Сипонҷ» навсозӣ шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Илова бар ин, 13 сентябри соли 2018 дар ноҳияи дурдасти Мурғоб бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Неругоҳи барқи обии хурди «Тоҷикистон» бо иқтидори 1500 кВт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Неругоҳи мазкур аз лиҳози ҷуғрофӣ яке аз неругоҳҳои баландтарин дар Осиёи Марказӣ буда, дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир гардидааст.

Соли 2020 дар яке аз деҳаҳои калонтарини водии Бартанг–деҳаи Рошорв Неругоҳи барқи обии хурди нави «Хатфат» бо тавоноии 450 кВт сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, чиҳати минбаъд беҳтар намудани таъминоти барқ дар қаламрави вилоят ва афзоиш додани содироти он ба деҳоти наздисарҳадии давлати ҳамсояи Афғонистон имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалисозии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 МВт идома дошта, мувофиқи нақша дар шашмоҳаи аввали соли 2023 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар маҷмӯъ, тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ҳудуди ВМКБ-31 080 кВт иқтидорҳи нави тавлиди неруи барқ, аз ҷумла неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 200 кВт бунёд гардида, 13 592 кВт иқтидорҳои мавҷуда таҷдиду навсозӣ карда шуданд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло ва бо мақсади ноил шудан ба ҳадафи стратегӣ ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат ҳоло татбиқи «Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон» ба такмили низоми идоракунӣ дар ширкатҳои энергетикӣ, ҷорӣ намудани низомҳои муосири ҳисоботи молиявӣ ва умуман идоракунии корпоративӣ дар ин ширкатҳо мусоидат менамояд.

1 декабри соли равон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Далер Ҷумъа зимни баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикис­тон) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо» баён дошт, ки оғози амалисозии лоиҳа соли 2023 ва анҷоми он соли 2026 муайян карда шудааст.

Ҳамзамон мавсуф тазаккур дод, ки маблағ барои амалисозии лоиҳаи мазкур 15 миллион евроро ташкил медиҳад, ки сарчашмаи маблағгузориаш Иттиҳоди Аврупо буда, он пурра грант мебошад.

Далер Ҷумъа иброз дошт, ки бо татбиқ гардидани барнома умед аст, ки иқтидори техникии ширкатҳои энергетикӣ баланд ва сатҳи тахассусии кормандони ин ниҳодҳо дар самти истифодаи дуруст ва самараноки таҷҳизот ва барномаҳои муосири дар доираи барнома харидоришаванда устувор карда шавад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 22, 2022 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар самти рушди иқтидори захираҳои инсонӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти такрорӣ 96 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид