ҲАДАФ — $1000000000. Мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Узбекистон аз ним миллиард доллар гузашт

Декабрь 26, 2022 13:40

ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мубодилаи тиҷоратии дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар 11 моҳи соли 2022 ҳудуди 503 миллион долларро ташкил дод. Ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 26,7% бештар аст, хабар медиҳад Агентии омори Тоҷикистон.

Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя асосан ашёи хом: алюминийи аввалия, қувваи барқ, нахи пахта, маъдан, семент, чарми хом, пилла, абрешими хом, инчунин матоъҳои гуногун, нӯшокиҳои спиртӣ, қолин ва ғайра содирот мекунад.

Аз Узбекистон маҳсулоти тайёри нассоҷӣ, гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, металлҳои ранга, таҷҳизоти электрикӣ ва механикӣ ворид карда мешаванд.

Бархе аз расонаҳо бо такя ба агентии омори Узбекистон хабар медиҳанд, ки «Тоҷикистон миёни кишварҳое, ки саҳми зиёди содирот ба Узбекистонро доранд, дар ҷои шашум қарор дорад: дар 11 моҳи соли равон аз ҷумҳурии ҳамсоя ба маблағи беш аз 460 миллион доллар мол ворид кардааст».

Мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Узбекистон баъди ба сари давлат омадани Шавкат Мирзиёев дар ҷумҳурии ҳамсоя беш аз 7 маротиба — аз каме бештар аз 70 миллион доллар дар соли 2016 то ба беш аз 500 миллион доллар дар соли 2022 афзоиш ёфт, менависад «АП».

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 26, 2022 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ