Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Москва созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Декабрь 4, 2022 09:52

ДУШАНБЕ, 04.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Москва ба номи О. Кутафини Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон хабар доданд.

Маросими имзои созишнома бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Москва — Виктор Блажеев ва Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилаи судманд дар самти табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои илмӣ — таҳқиқотӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак баён намуда, ҳама гуна иқдомҳои тарафайнро қобили дастгирӣ ҳисобиданд.

Дар доираи созишномаи мазкур таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ-омӯзишӣ оид ба тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, гузаронидани маърӯза-семинарҳо бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ доир ба масъалаҳои мубрам, таҳқиқоти муштарак дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, сиёсати давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодиёт, кори иҷтимоӣ, ташкил намудани коромӯзии дуҷониба барои ҳайати профессорон ва омӯзгорон, кормандони илмӣ ва маъмурӣ, мубодилаи ҳайати профессорон ва омӯзгорон, мубодилаи мақолаҳо ва нашрияҳои илмӣ, ташкили конференсияҳо ва суҳбатҳои «мизи мудаввар» дар назар аст.

АКС: Академияи идоракунии давлатӣ

Декабрь 4, 2022 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст