Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ доир шуд

Декабрь 5, 2022 14:43

ДУШАНБЕ, 05.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баргузор гардид, ки зимни он афзоиш ёфтани ҳаҷми ҳамлу нақли бор миёни ду кишвар дар соли 2021 ва 11 моҳи соли равон нисбат ба соли 2020 зикр шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.

Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим намояндагони Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии сардори Раёсати нақлиёти автомобилӣ ва мусофирбарии шаҳрии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Беларус Андрей Гладкийро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо масъалаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи боркашонии байналмилалии автомобилӣ, муайян намудани квота ва табодули варақаҳои иҷозатномадиҳӣ барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои соли 2023, масъалаи шартҳои истифодаи чопи дастгоҳи идоракунии рақамӣ (тахограф) аз ҷониби интиқолдиҳандагони ҳарду ҷониб ва дигар масъалаҳои марбутаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои рушди минбаъдаи иқтисодӣ иқтидори назаррас дорад. Ҷонибҳо зикр намуданд, ки сарфи назар аз чолишҳои нав ҳаҷми ҳамлу нақли бор миёни ду кишвар афзоиш ёфтааст.

Бо назардошти афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор тавассути нақлиёти автомобилӣ ва эҳтиёҷоти интиқолдиҳандагони ҳарду кишвар тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки табодули варақаҳои иҷозатдиҳӣ барои соли 2023 – ро зиёд кунанд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ миёни ду кишвар боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо протоколи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Декабрь 5, 2022 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд