ҶАЛАСАИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ ХАДАМОТИ ОМОРИ ИДМ. Гулнора Ҳасанзода ҳамраиси Шӯро дар соли 2023 хоҳад шуд

Декабрь 13, 2022 12:27

ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр ҷаласаи навбатии 65-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти омори кишварҳои узви ИДМ тариқи видеоконфронс баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони ваколатдори хадамоти миллии омори кишварҳои узви ИДМ, Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.

Дар ҷаласа якчанд масъалаҳои такмили фаъолияти оморӣ дар паҳнои ИДМ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ шуда, якчанд санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти Шӯрои роҳбарони хадамоти омори кишварҳои узви ИДМ ва Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ тасдиқ карда шуданд. Ҳамчунин дар бораи Барномаи кори Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ барои соли 2023 низ қарор қабул шуд.

Шӯроро дар соли 2023 Роҳбари хадамоти федералии омори давлатии Федератсия Россия Сергей Галкин раисӣ мекунад.

Ҳамраисҳои Шӯро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Узбекистон Баҳодир Бегалов мебошанд.

Ҷаласаи навбатии Шӯро дар охири моҳи апрели соли 2023 дар шаҳри Алмато (Ҷумҳурии Қазоқистон) ба нақша гирифта шудааст.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 13, 2022 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд
Ҳавопаймои хатсайри Душанбе–Минск бо маросими анъанавӣ истиқбол гирифта шуд
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад