АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» қабул гардид

Декабрь 22, 2022 09:28

ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 ҷиҳати тақвияти забондонӣ, иштирок дар курсҳои омӯзишӣ, такмили ихтисос, гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ, ҳимояи рисолаи номзадӣ, баланд бардоштани савияи дониши магистрантон, аспирантон, докторантон ва кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 31 нафар ба хориҷи мамлакат фиристонда шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Аз 31 нафар — 12 нафар тавассути барномаи ITEC ба Ҳиндустон, 5 нафар ба Федератсияи Россия, 4 нафар ба  Олмон, 2 нафар ба Португалия, 2 нафар ба Узбекистон, 2 нафар ба Қазоқистон, 1 нафар ба Марокаш, 1 нафар ба Туркия, 1 нафар ба Швейтсария ва 1 нафар ба  Белгия фиристода шуданд.

Дар Паёми соли 2021 Президенти мамлакат ба Академияи миллии илмҳо супориш дода буданд, ки барои тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барномаи давлатӣ барои солҳои 2021-2030 таҳия намоянд.

Мавриди зикр аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» қабул гардида, баҳри баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасониҳои илмиву таҳсилӣ мутобиқ намудани онҳо равона гардидааст.

Барнома дар асоси принсипҳо ва талаботе, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 доир ба дурнамои рушди дарозмуҳлати низоми илму маорифи ҷумҳурӣ мустаҳкам шудааст, таҳия гардидааст. Дар он, пеш аз ҳама, ба принсипҳои тарбияи васеи кадрҳои илмӣ, ки рақобатпазирии иқтисодиёти мамлакатро таъмин менамояд, низоми тайёр намудани кадрҳои илмии рақобатпазир дар бозори меҳнат, бунёди иқтидори инноватсионии рушди илм, ташаккули дониш ва малакаи зарурӣ ҷиҳати рушди устувор мусоидат менамояд, афзалият дода шудааст.

Кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои самтҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотии тобеи вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешаванд.

Тарбияи олимони ҷавон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, рушди зеҳнӣ ва ҷалб намудани онҳо ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Барнома ба бартараф намудани мушкилот дар соҳаи омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, муайян намудани мақсаду ҳадафҳо, афзалият ва воситаҳои давлат ҷиҳати омода намудани кадрҳои илмӣ равона гардидааст.

Дар соли хониши 2022-2023 дар 21 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар курси якум ва дуюми зинаи магистратура 477 нафар магистр аз рӯи 44 ихтисос қабул шуда, 173 нафар хатм намуданд. Ба зинаи докторантураи PhD муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли таҳсили 2022-2023 103 нафар довталаб ҳуҷҷат супориданд, ки аз онҳо мувофиқи талаботи қоидаҳои қабул ба докторантураи PhD Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои соли таҳсили 2021-2022, 91 нафар ба гурӯҳи буҷавӣ ва 12 нафар ба гурӯҳи шартномавӣ дохил шуданд.

Дар айни ҳол дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 273 нафар докторанти PhD таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 103 нафар дар курси якум, 98 нафар дар курси дуюм ва 72 нафар дар курси сеюм мебошанд.

Вобаста ба тайёр намудани номзад ва докторони илм аз рӯи ихтисосҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда намешаванд, ҳамасола тибқи дархосту пешниҳоди вазорату идораҳои мамлакат Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ба роҳ монда мешавад.

Вобаста ба истифодаи самараноки имконияти ба муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касби хориҷи мамлакат фиристодани довталабон аз рӯи зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантураи фалсафа (Phd), докторантура аз рӯйи ихтисос, доктарантура ва посдоктарантура дар асоси созишнома ва дигар санадҳои байниҳукумативу байниидоравии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ барои таҳсил дар зинаҳои болозикр дар мамлакатҳои хориҷӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

 

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ
«Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2022 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«МИРЗО ТУРСУНЗОДА-ЧЕҲРАИ МОНДАГОРИ АДАБУ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд
«ВАСФИ ҶАВОНӢ». Дар доираи баргузории моҳвораи ҷавонон озмун эълон гардид
Ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва дохил шудан мехоҳед? Ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоед
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар Душанбе маротибаи аввал озмуни «Ахтаракони ҳисобдон» баргузор гардид
Намояндагони Институти Гёте бо фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ НАВРАСОН. Хонандагони шаҳри Душанбе бо шароити хизмати ҳарбии сарбозон шинос шуданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи такмили конструксияҳои мошинҳои сохтмону роҳсозӣ баррасӣ гардид
«ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ ВА ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии омӯзгорони забони олмонӣ баргузор мегардад
ТАРБИЯИ ФАРЗАНД-МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ин мавзуъ вохӯрӣ доир шуд
Вобаста ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд