Ба 300 нафар хизматчиёни қисми низомии Вазорати мудофиа дар ноҳияи Данғара туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба зиёда аз 300 нафар афсарону сарбозони қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардида, барои онҳо дастурхони идона ороста шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Данғара хабар доданд.
Зимни суҳбат бо афсарону сарбозон Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён иброз дошт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, барои сарбозону афсарон тамоми шарту шароити мусоиди замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар яки мо бояд, ҷавобан ба ғамхории ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат софдилонаву содиқона хизмат намуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, барои осоиштагии сарзамини аҷдодиамон талош намоем».
Сарбозону афсарони қисми низомӣ иқдоми мазкурро аз ғамхориҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар даъвати тирамоҳии соли равон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 114 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара бо хоҳиши худ ба сафи Артиш пайваста, ба ин васила аз имтиёзҳо ва грантҳои дохилидонишгоҳӣ бархўрдор гардиданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Данғара










Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






