БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ванҷ муассисаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 3 ифтитоҳ ёфт

Декабрь 13, 2022 11:34

ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр дар деҳаи Бунайи Ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода, Директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Саъдуллозода ва дигар шахсони расмӣ дар маросими ифтитоҳи он иштирок намуданд.

Муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 22 синфхона барои 450 ҷойи нишаст мебошад. Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 12,5 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Корҳои бунёдӣ дар муассиса аз ҷониби ҶДММ «Амирҳамза» моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.


Дар муассиса утоқҳои фаннии химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ ва утоқҳои таълимии духтарона ва писарона ташкил карда шуда, бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Зимни боздид аз синфхонаҳои муассиса Раиси вилоят ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хонандагонро барои таҳсил бо баҳои хубу аъло ва иштироки фаъолона дар олимпиадаю озмунҳои ҷумҳуриявӣ даъват кард.

Ҳамзамон мавсуф аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, ба фаъолият оғоз намудани ин муассисаи таҳсилоти ҳамагониро туҳфаи арзанда ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ кард.


Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар ба рушди маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа диққати махсус равона намудааст. Дар ин замина сохтмони муассисаҳои миёнаи умумӣ ва дигар инфрасохтори соҳаи маориф амалӣ гардида, сифати таълиму тарбия ба маротиб беҳтар шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ сохтмони 876 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Акс: МИҲД ВМКБ

Декабрь 13, 2022 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид