Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаҳло Сайдалиева бо 10 000 сомонӣ ҳавасманд гардид

Декабрь 30, 2022 09:36

ДУШАНБЕ, 30.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева бо «Ифтихорнома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва мукофоти пулӣ ба маблағи 10 000 сомонӣ қадрдонӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.

«Ифтихорнома» ва мукофоти пулиро Раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ, ки 29 декабри соли равон доир гардид, ба Шаҳло Сайдалиева тақдим намуд.

Раиси ноҳияи Данғара ҳамчунин ба ғолиби ҷойи сеюми даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» Искандар Маҳмадшозода дар вазъияти тантанавӣ «Ифтихорнома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва мукофоти пулиро тақдим кард.


Дар ин чорабинии тантанавӣ ҳамчунин дигар нафароне, ки дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Илм фурўғи маърифат» ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд, қадрдонӣ шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки 17 декабри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, ки дар он хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева соҳиби «Шоҳҷоиза» ва маблағи 70 ҳазор сомонӣ гардид.


Ба ин муносибат Шаҳло Сайдалиеваро дар ноҳияи Данғара ботантана пешвоз гирифтанд. Дар истиқболи ў сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва омӯзгорону хонандагон бо гулу гулдастаҳо иштирок карданд.

Ёдовар мешавем, ки 28 декабр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2022 баргузор гардид, ки дар он ғолибону барандагони ҷоизаҳо аз рӯйи 13 номина қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, муассисаи таълимии давлатии «Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара» бо гирифтани 118 медал (20 тилло, 43 нуқра ва 55 биринҷӣ) дар байни ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ ва ишғоли ҷойи аввал дар номинаи «Даҳ муассисаи таҳсилоти умумӣ ва ҳаракати олимпӣ» бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

 

Декабрь 30, 2022 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд