Бори аввал адабиёти тоҷик дар фестивали бонуфузи Австралия муаррифӣ шуд

Декабрь 22, 2022 15:46

ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоир ва муҳаққиқи фарҳанги классикии тоҷик Нуралӣ Нурзод дар номинаи «Асари академӣ» дар Фестивали XI байналмилалии адабӣ ва озмуни «Open Eurasian Book Forum & Literature Festival» сазовори ҷои 3-юм гардид. Дар ин бора созмондиҳандагони фестивал хабар додаанд.

Фестивали байналмилалии адабии «Авруосиёи кушода» аз 10 то 16 декабр дар шаҳри Мелбурн (Австралия) аз ҷониби Иттиҳодияи эҷодии Авруосиё (Лондон) баргузор шуд. Нависандагон, шоирон ва дигар одамони эҷодкор барои корҳои эҷодияшон бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Миёни онҳо Нуралӣ Нурзод низ буд, ки барандаи озмуни ҷоизаи ба номи Салтанат Раҳимбеков дар номинаи «Кори академикӣ» барои маҷмӯаи мақолаҳои илмии «Аз Сада то Наврӯз» бо забони тоҷикӣ гардид.

Ба озмун дар маҷмӯъ 500 дархост аз 50 кишвари ҷаҳон пешниҳод гардид, ки 3-тои он аз Тоҷикистон буд.

Дар доираи фестивали адабӣ ба ҷуз аз маросими ҷоизасупорӣ ва тақдими ҷоизаҳо китобҳои нависанда ва адабиётшиноси тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ «Ҳамсояҳо» ва «Саргузаштҳои бибии Гулсифат» муаррифӣ шуданд.

Фестивали байналмилалии «Open Eurasian Book Forum & Literature Festival» ягона фестивалест, ки дар тамоми фазои Авруосиё адабиёт ва эҷодкориро тарғиб ва таблиғ мекунад. Қабули дархостҳо ба озмуни XII адабии «Авруосиёи кушода» аз 1 феврали соли 2023 оғоз меёбад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: Иттиҳодияи адабии Авруосиёӣ

Декабрь 22, 2022 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид