Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар Хоруғ ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас ташкил шуд

Декабрь 29, 2022 12:32

ДУШАНБЕ, 29.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ бахшида ба Соли нави мелодӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Дар ярмарка маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили гӯшт, картошка, сабзӣ, карам, пиёз, биринҷ, макарон бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шудаанд.

Ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ доир шуда, дар он аз тарафи кишоварзони ноҳияҳои вилоят маводи ғизоӣ бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди аҳолӣ гардонида шудаанд.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба сарварони хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди вилоят барои дастрас намудани маҳсулоти кишоварзии хушсифат ва нисбатан арзон изҳори сипос намуда, ҷиҳати таъмини мунтазами фаровонии бозор ба масъулин супориш дод.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода иброз дошт, ки таъмини сокинони шаҳр бо маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ туҳфаи арзишманд маҳсуб мешавад.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Декабрь 29, 2022 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст