Дар Бохтар оид ба нақши Президенти Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамоиши илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо ташаббуси мақомоти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ҳамоиши илмии вилоятӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон хабар доданд, ҳамоиш бахшида ба таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро 10 декабр ҷашн мегирад, доир шуд. Дар он намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорон ва ҷавонон иштирок намуданд.
Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон Муҳаммад Ҳайдарзода дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» зикр намуд, ки «дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон босазо буда, маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар заминаи қабулгоҳҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтар бо пешниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо супоришу дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд».
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба мавзӯъҳои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сухан намуданд.
АКС: Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






