Дар Донишгоҳи аграрӣ истифодаи технологияҳои системаи геоиттилоотиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Моҳияти истеҳсолии татбиқ ва истифодаи технологияҳои Системаи геоиттилоотӣ дар рушди шаклҳои нави хоҷагидорию истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон 8 декабр дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамоиш баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур.
Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Тоҳир Мирзоализода оид ба ҷабҳаҳои мухталифи системаи геоиттилоотӣ ва заминсозӣ ибрози назар намуд.
Зикр шуд, ки системаи геоиттилоотӣ — ин системаи худкор барои дарёфт, коркард, таҳлил, моделиронӣ ва нишондоди маълумот, инчунин барои ҳалли масъалаҳои информатсионии рақамӣ, харитавӣ, мутобиқӣ ва матнӣ мебошад. Нақши системаи геоиттилоотӣ дар замони муосир хело муҳим ва калон мебошад. Ин системаро на танҳо дар соҳаи заминсозӣ ва кадастр, инчунин дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ истифода мебаранд. Системаи геоиттилоотиро ҳоло дар ҳамаи институтҳои соҳаи заминсозӣ истифода мебаранд ва дар Донишгоҳи аграрӣ низ корҳои заминсозиро ба тариқи харитаҳои рақамӣ ва коркарди он ба донишҷӯён, магистрон ва унвонҷуён меомӯзанд.
Системаи геоиттилоотӣ барои гирифтани маълумот дар бораи заминистифодабарандагон ва қитъаҳои замин хеле муфид аст. Ин система барои бунёди системаи рақамии оқилонаи истифодаи замин имкон медиҳад.
Дар айнӣ замон сайёҳиро бе таъминӣ маълумоти системаи геоиттилоотӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Сохторҳои идоракунандаи соҳаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ дар раванди кори худ бо мушкилиҳое дучор мешаванд, ки дар асоси вуҷуд надоштани маълумоои геоиттилоотӣ ба миён меоянд.
Дар ҷамъомад инчунин дастовардҳои навтарини соҳа зикр гардиданд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






