Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ҳамоиш баргузор шуд

Декабрь 21, 2022 15:55

 КӮЛОБ, 21.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик- кафолати таъмини рушди устувори кишварҳои ҷаҳон»- таҳти чунин унвон 19 декабр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки обшавии босуръати пиряхҳо сабаби коҳиши захираҳои обӣ ва мушкилоти сокинони сайёра дар дастрасӣ ба оби ошомиданӣ мегардад. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала дар Маҷмаи Созмони Миллали Муттаҳид ҳамовозӣ пайдо намуд.

Ёдовар мешавем, ки 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.

Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, «ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз зарур меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштарак таҳия ва татбиқ шаванд. Мо хушҳол аз онем, ки ташаббуси мо бо дарки масъулият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонии ҳаматарафа ёфт».

Дар идомаи ҳамоиш олимону муҳаққиқон дар мавзӯъҳои «Нақши пиряхҳо дар истеҳсоли захираҳои обии энергетикии минтақа», «Нақши Пешвои миллат дар омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо» ва «Ибтикори навбатии Пешвои миллат дар соҳаи об» сухан намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ

Декабрь 21, 2022 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад