Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат ифтитоҳ ёфт

Декабрь 21, 2022 13:58

ДУШАНБЕ, 21.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» декани факултаи журналистикаи ДМТ Бахтиёр Қутбиддин хабар дод.

Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат низ ба ҳисоб рафта, акнун дар даҳҳо самт — таърих, сиёсатшиносӣ, дипломатия, ҳуқуқ, публитсистика, адабиёт ва ғайра  масъалаҳои гуногун  таҳқиқ мегарданд.

Дар ҳошияи ифтитоҳи маркази мазкур таҳти унвони «Пешво — бунёдгузори давлатдории навини миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷуразода, Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки дар ҳақиқат ҳам хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи тоҷик бузургу беназиранд.

Ҳоло дар маркази мазкур зиёда аз 600 асар дар бораи корномаҳои Пешвои миллат фароҳам оварда шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 21, 2022 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад