Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи муҳоҷирон ҳамоиш доир шуд

Декабрь 16, 2022 15:55

ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷирон, ки ҳамасола 18 декабр таҷлил мегардад, имрӯз дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар мавзӯи «Равандҳои муҳоҷират: тамоюлҳо, чолишҳо ва дурнамо» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мақсади асосии ташкили ҳамоиш — баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ доир ба муҳоҷирати бехатар, қонунӣ ва танзимшаванда мебошад.

Дар ҳамоиш Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, Ҳамоҳангсози Доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу, Роҳбари Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристина Ҷеорҷ,  намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, шарикони иҷтимоӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор аз тариқи мустақим ва маҷозӣ иштирок доштанд.

Дар он доир ба масъалаҳои таъмини татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи муҳоҷират: афзалият ва дурнамо, истифодаи иқтидори интиқоли маблағ барои рушди тиҷорати хурду миёна, равишҳо ба реинтегратсияи иқтисодӣ барои шахсони осебдида аз муҳоҷират дар Тоҷикистон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: натиҷаҳои пешакӣ, реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, арзёбии вазъи равониву иҷтимоӣ ва иқтисодии занони муҳоҷир дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Кӯлоб, муаррифии ташаббусҳои MIEUX+ (ICMPD) оид ба муҳоҷират, мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ва нақши намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия ҷиҳати ҳалли мушкилоти  онҳо, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷанбаҳои афзалятдоштаи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон барои таъмини кор дар хориҷи кишвар рӯнамоҳо ва маърузаҳо пешкаш гардиданд.

Аз натиҷаи ҳамоиш доир ба масъалаҳои муҳокимашуда тавсияҳо қабул гардиданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 16, 2022 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд