Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардиданд

Декабрь 5, 2022 17:33

ДУШАНБЕ, 05.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 декабр дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид. Ҳайатҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Содиқ Имомӣ ва Ермухамбет Конуспаев роҳбарӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни машваратҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Инчунин атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд.

Таваҷҷуҳи махсус ба омода кардани чорабиниҳои муштарак ба муносибати 30-юмин солгарди барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон зоҳир гардид.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 5, 2022 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»