Дар Душанбе Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» баррасӣ гардид

Декабрь 15, 2022 16:10

ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе доир ба муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ҳамоиш баргузор гардид.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Модераторони барномаи мазкур- раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода ва раиси Комиссияи назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазозода иброз намуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имконияти баробарро барои ҳама шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва низоми ҳуқуқии пешгирӣ, ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шакли табъизро танзим ва муқаррар менамояд.

Ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагон Ранохон Бобоҷониён дар мавзӯи «Муаррифии қонун ва тавсияҳо оид ба ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ дар самти мутобиқгардонии заминаи меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини Вазири адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Каримзода дар мавзӯи «Тадбирҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода  дар мавзӯи «Татбиқи қонун, таҳияи усулҳои ягонаи татбиқи он аз ҷониби Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» ва директори Фонди ҷамъиятии «Нота Бене» Нигина Баҳриева дар мавзӯи «Нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурди сиёсати зидди табъиз» маъруза намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

Декабрь 15, 2022 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст