Дар Хуҷанд масъалаи пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зарароварро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 14.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Чун ҳамеша дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ талабот ба ширинӣ, маҳсулоти қаннодӣ, гӯштӣ ва дигар анвои хӯрока афзун гардида, гурўҳе аз соҳибкорон бо истифода аз фурсат молҳои кўҳнаи ба фурӯш нарафтаи хешро ба савдо мегузоранд, ки ба сиҳатии омма таъсири манфӣ расонида метавонад. Аз ин лиҳоз, аз соҳибкороне, ки дар ин самт фаъолият доранд, талаб карда мешавад, ки саломатии сокинонро аз манфиати хеш боло дониста, ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. Ин матлабро сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Азаматхўҷа Воҳидов дар мулоқот бо роҳбарияти бозорҳо, марказҳои савдо ва соҳибкороне, ки ба хариду фурӯш ва истеҳсоли маводи қаннодии кремдор, шириниҳо ва гӯштӣ машғуланд, баён дошт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ба соҳибкорон риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро ёдрас шуда, таъкид карданд, ки аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар худдорӣ намоянд.
Дар мулоқоти мазкур зикр шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ҳамарӯза аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд зиёда 50 адад сехҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъол буда, аз миёни онҳо 30 ададашон ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодии кремдор машғуланд. Дар ин сехҳо беш аз 200 нафар кормандон фаъолият доранд, ки мутобиқи талаботи қонунгузорӣ бояд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.
Дар вохўрӣ ҳамзамон роҳҳои тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманди сохтори салоҳиятдор бо соҳибкорон дар самти ҷилавгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоти пастсифати ғизоӣ матраҳ гардид.
АКС: Маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






