ДАР ПАРТАВИ ВАЗИФАҲОИ ГУЗОШТАИ ПРЕЗИДЕНТ. Дар Душанбе Форуми байналмилалии омӯзгорони забони русӣ оғоз ёфт

Декабрь 13, 2022 12:16

ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 12 декабр дар саҳни Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Забони русӣ дар низоми таҳсилоти мактабӣ: мушкилот ва самтҳои рушд» ба кор оғоз намуд. Дар расми ифтитоҳи он намояндагони масъули Вазорати маориф ва илми ҶТ, муассисаҳои таҳсилотии Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Сафири ФР дар Тоҷикистон Семен Григорев, роҳбари намояндагии «Россотрудничества» дар ҶТ Иван Иванов иштрок намуданд.

Форум беш аз 300 нафар директорон ва устодони мактабҳо, методистону коршиносонро ҷамъ овард, ки онҳо тайи 3 рӯз мавзӯъҳои муҳими соҳаи маорифро баррасӣ хоҳанд кард. Шунавандагони форум дар дарсҳои маҳорат, мизҳои мудаввар ва барномаҳои омӯзишии касбӣ иштирок намуда, пас аз анҷоми он соҳиби сертификатҳо хоҳанд шуд.

Ба омӯзиши забони Пушкин дар Тоҷикистон диққати махсус дода мешавад, аз ин рӯ баргузории форум дар партави вазифаҳои ба миён гузоштаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим дониста мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, қаблан Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба корҳои анҷомдодаи ҳамтои тоҷики худ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оммавӣ гардонидани забони русӣ баҳои баланд дода буд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 13, 2022 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст