Дар сарбанди НБО-и «Себзор»-и Бадахшон корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтанд

Декабрь 16, 2022 10:20

ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти электронӣ дар бунёди зеристгоҳи 110-киловолтаи Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо ҷалби мутахассисони ширкатҳои ватании Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Мадад» ва «Тоҷикгидроэлектромонтаж» (ТГЭМ) маҷрои дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа баста шуда, об аз тариқи канали муваққатии обгузар сар дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Роҳбари сохтмони НБО-и «Себзор» Фохир Юсуфбеков иттилоъ дод, ки баъди дигар кардани маҷрои дарё корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии неругоҳ оғоз ёфтанд. Сарбандии асосии неругоҳ бо дарзии 60 метр ва баландии 8 метр сохта шуда, ғунҷоиши оби он 5 млн кубро ташкил хоҳад дод.

НБО-и «Себзор» дар заминаи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ҳамкории Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукумати Олмон ва Ширкати барқии «Помирэнерҷи» бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд мегардад.

Сохтмони НБО-и «Себзор» ба рушди минбаъдаи саноат, аз ҷумла бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар сохтмони зеристгоҳи назди НБО-и «Себзор» аллакай 90 фисади корҳо дар ин иншоот ба анҷом расидаанд. Барои пешбурди корҳои бунёдӣ ҳоло 20 адад нақлиёти боркаши калонҳаҷм ва 40 нафар сохтмончиён ҷалб гардидаанд.

Масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент ва арматура аз шаҳри Душанбе дастрас гардида, баҳри фаъолияти муназзам дар ин ҷо корхонаи хурди истеҳсоли семент низ ташкил карда шудааст.

Мутобиқи иттилои мутахассисон, бунёди неругоҳ дар ин мавзеъ бесабаб нест. Зеро суръати ҳаракати об дар ин ҷо нисбатан тез буда, дар фасли зимистон ях намекунад ва барои ба ҳаракат даровардани агрегатҳо хеле мувофиқ аст.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи Лоиҳаи сохтмони НБО-и «Себзор» дар дарёи Шоҳдара 17 хоҷагии шахсӣ ба ҷойҳои дигар интиқол дода шуда, пурра бо манзили зист таъмин гардиданд.

Инчунин сохтмони бинои маъмурӣ барои сохтмончиён ва роҳҳои муваққатӣ дар назди иншоот бо ҷалби зиёда аз 60 нафар бинокорони маҳаллӣ оғоз гардид. То охири моҳи июни соли 2021 ҳамаи корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расиданд.

Ҳоло сохтмони бино анҷом ёфта, шароити корӣ барои лоиҳачиён ва мушовирон муҳайё гардидааст.

Дар баробари ин, барои тезондани корҳо оид ба сохтмони пул аз болои дарёи Шоҳдара, ки барои сохтмони НБО- и «Себзор» хеле муҳим мебошад ва бунёди бинои муосири мактаби маҳаллӣ барои 400 хонанда тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳамзамон сохтмони 18 км ХИБ-и 110кВ «Себзор-Хоруғ» идома дорад.

Дар маҷмӯъ, дар давраи сохтмони НБО-и “Себзор” то 300 нафар коргарон бо кор таъмин хоҳанд шуд.

НБО — и «Себзор» бо иқтидори 11 мВт бунёд гардида, ба истифода додани агрегати якуми он охири соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Акс: МИҲД ВМКБ

Декабрь 16, 2022 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст