Дар Шуғнон барои кишту парвариши меваю сабзавот гармхонаи нав бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои сохтмони гармхона дар масоҳати 106 м2 аз моҳи сентябри имсол оғоз гардида, айни ҳол қариб 95 фоиз ба иҷро расонида шудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.
Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода зимни сафари корӣ дар Ҷамоати деҳоти Сучон бо раванди корҳои сохтмонӣ дар гармхонаи аз ҷониби соҳибкор Синбод Собиров бунёдшаванда шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони гармхона бо дастгирии мақомоти иҷроияи ноҳия ва Барномаи ҷонибдории инкишофи манотиқи кӯҳистон роҳандозӣ гардида, дар он кишту парвариши навъҳои қулфинай, помидор, бодиринг, кабудӣ ва дигар намуди зироат ба таври васеъ роҳандозӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки соли равон дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳия боз 24 гармхонаи нав сохта шуда, дар он хоҷагидорон зироати гуногуни кишоварзӣ, аз қабили помидору бодиринг, кабудӣ, кишт намуда, ба хотири гирифтани ҳосили дилхоҳ заминро самараноку оқилона истифода мебаранд.

Раиси ноҳия барои зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ҷорӣ кардани роҳу усулҳои нави парвариши зироат ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Соҳибкор Синбод Собиров ваъда дод, ки таъкидҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм мегузорад.
Бояд тазаккур дод, ки роҳандозии фаъолияти гармхонаҳои хурд ва парвариши зироат дар зери плёнка ба таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва гирифтани чанд ҳосил аз он мусоидат мекунад.
Таҷриба собит намуд, ки бунёди гармхонаҳои хурд ва оқилона ба роҳ мондани парвариши сабзавот манфиати хуби иқтисодӣ меорад.
АКС: МИҲД н. Шуғнон








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






