Дар Теҳрон ҷаласаи 15-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

Декабрь 8, 2022 17:01

ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5-6 декабр дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи 15-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эронро Вазири неруи ин кишвар Алиакбар Меҳробиён роҳбарӣ намуданд.

Дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар самтҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, обу энергетика, телевизион ва радио, ҳамлу нақл ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷом тарафҳо Протоколи ҷаласаи 15-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эронро ба имзо расониданд.


Дар доираи кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ мулоқотҳои Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазирони неру ва нафт, инчунин роҳбарони якчанд ширкатҳои соҳаи обу барқи Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардиданд. Зимни онҳо зарфияти ҳамкории ду кишвар дар самти мазкур баррасӣ шуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 8, 2022 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд