Дар Тоҷикистон нархи бензин ва гази моеъ коҳиш ёфт

Декабрь 15, 2022 12:31

ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон нархи бензин ва гази моеъ коҳиш ёфта истодааст. Дар 11 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 711,73 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст.

Имрӯз, 15 декабр дар бархе аз нуқтаҳои сӯзишвории шаҳри Душабе 1 литр бензини навъи 95 7 сомонию 80 дирам, бензини навъи 92 7 сомонию 40 дирам, сӯзишвории дизелӣ 11 сомонию 80 дирам ва гази моеъ 4 сомонию 90 ба фурӯш гузошта шудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷараёни мониторинги бозори маводи сӯзишворӣ нишон дод, ки аз охирҳои моҳи ноябр ва аввалҳои моҳи декабри соли равон коҳиши нархи фурӯши чаканаи бензин, гази моеъ ва сӯзишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба мушоҳида мерасад.

Аз 1 то 30 ноябр дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе нархи 1 литр бензини навъи 95 аз 10 сомонӣ ба 8,40 сомонӣ, бензини навъи 92 аз 9,30 ба 8 сомонӣ ва гази моеъ аз 7 ба 5,80 сомонӣ паст фаромад. Аз 1 то 13 декабр нархи бензини навъи 95 аз 8,50 ба 7,80 сомонӣ, бензини навъи 92 аз 8,10 ба 7,30 сомонӣ, гази моеъ аз 5,90 ба 5, 30 сомонӣ поён рафт.

Тибқи маълумоти гумрукӣ, дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ба ҷумҳурӣ 711,73 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 622 миллиону 460 ҳазор доллар бо нархи миёнаи 875 доллар ворид гардидааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 157,79 ҳазор тонна зиёд буда, нархи миёнаи воридотии он нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли гузашта 224 доллар ё ба андозаи 34,4 фоиз баланд гардидааст. Аз ҷумла 350,58 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 305,68 миллион доллар ва 293,24 ҳазор тонна бензин ба маблағи 231,4 миллион доллар ворид шудааст.

Тибқи маълумоти шабакаҳои интернетӣ, 30 ноябри соли 2022 нархи як тонна нафти навъи «Brent» 87 долларро ташкил намуд, ки нисбат ба 31 октябри соли равон 5,38 доллар ё ба андозаи 5,8 фоиз коҳиш ёфтааст.

Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Федератсияи Россия 87,8 фоиз, Туркманистон 5,5 фоиз, Ҷумҳурии Беларус 2,6 фоиз, Ҷумҳурии Қазоқистон 2,2 фоиз, Ҷумҳурии Узбекистон 0,9 фоиз буда, боқимонда 0,9 фоиз ба дигар давлатҳо рост меояд.


Тибқи маълумоти гумрукӣ, моҳи ноябри соли 2022 нархи миёнаи воридотии бензин 689 долларро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳи октябри соли равон 47 доллар ё ба андозаи 6,4 фоиз коҳиш ёфтааст.

Нархи фурӯши чаканаи як литр бензини навъи «АИ-92» дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 декабри соли равон аз 7,30 то 7,60 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нархи пасттарин 3,1 сомонӣ ё ба андозаи 31,13 фоиз ва нархи баландтарин 4 сомонӣ ё ба андозаи 30,9 фоиз коҳиш ёфтааст (12 декабри соли 2021 нархи фурӯши чаканаи як литр бензини навъи «АИ-92» дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 10,40 то 11 сомониро ташкил медод).

Дар моҳи ноябри соли равон нархи миёнаи воридотии сӯзишвории дизелӣ 970 долларро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳи октябри соли равон 61 доллар ё ба андозаи 6,7 фоиз афзоиш ёфтааст.

Нархи фурӯши чаканаи сӯзишвории дизелӣ 12 декабри соли 2022 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 11,30 то 12,40 сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нархи пасттарин 0,60 сомонӣ ё ба андозаи 5,6 фоиз, нархи баландтарин 1,4 сомонӣ ё ба андозаи 12,73 фоиз афзоиш ёфтааст (12 декабри соли 2021 нархи фурӯши чаканаи як литр сӯзишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 10,70 то 11 сомониро ташкил медод).

Нархи миёнаи воридотии гази моеъ дар моҳи ноябри соли равон 543 долларро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳи октябри соли равон 10 доллар ё ба андозаи 1,8 фоиз коҳиш ёфтааст.

Нархи фурӯши чаканаи гази моеъ 12 декабри соли 2022 аз 5,30 то 5,40 сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нархи пасттарин 1,90 сомонӣ ё ба андозаи 26,39 фоиз ва нархи баландтарин 1,4 сомонӣ ё ба андозаи 28 фоиз коҳиш ёфтааст (12 декабри соли 2021 нархи фурӯши чаканаи як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 7,20 то 7,50 сомониро ташкил медод).

Дар айни замон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ коҳишёбии нархи фурӯши чаканаи бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ ба мушоҳида мерасад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2022 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
Дар Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конфронси байналмилалӣ доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 99,2 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар Ҳисор ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ба маблағи 200 миллион доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд
«Тоҷиктелеком» ба платформаи ҷаҳонии мубодилаи трафики интернетии «DE-CIX» пайваст шуд
Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта муайян карда шуд
Дар Душанбе беш аз 7 ҳазор қуттӣ сигори бе тамғаи аксизӣ ошкор гардид
Дар ноҳияи Муъминобод кишти такрорӣ идома дорад
Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35 — шарики боэътимоди сол» ҷамъбаст гардид
‎Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории мутақобили судмандро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ густариш медиҳанд
17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. Интиқоли 70 фоизи бор ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд