Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти сафирони давлатҳои ИДМ бо Сергей Лавров иштирок кард

Декабрь 13, 2022 08:41

ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти анъанавии сафирони давлатҳои аъзои  ИДМ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей  Лавров иштирок кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва   хабар доданд. 

Зимни  мулоқот фаъолияти муштарак дар  доираи созмонҳои минтақавии ҳудуди ИДМ дар соли 2022 натиҷагирӣ шуд. Миёни ҷонибҳо андешаҳо оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар он дидор буд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Москва

Декабрь 13, 2022 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд