Эмомалӣ Раҳмон арҷу эҳтиром гузоштанро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон карданд
ДУШАНБЕ, 23.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкуррасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем», — тазаккур доданд Сарвари давлат.
Зеро, ба гуфтаи Пешвои миллат, агар мактабу омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷаи ин ҳама оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мешавад.
Сарвари давлат вобаста ба ин масъалаи муҳим бори дигар таъкид намуданд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта ва сармоягузорӣ ба ин соҳаро ба хотири рушди неруи инсонӣ арзёбӣ намуданд.
«Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем»,- таъкид намуданд Президенти мамлакат.
Ёдовар мешавем, ки Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» моҳи майи соли 2006 тибқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони соҳаи маориф ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ қабул шуда буд.
Тавре дар ин бора АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, тибқи қонун, аз 1 январи соли 2007 давоми се соли аввали кор барои муаллимони ҷавоне, ки дорои маълумоти олии педагогӣ буда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаклҳои гуногун кор мекунанд, имтиёзҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
— бо тартиби ғайринавбатӣ ҷудо кардани замин барои сохтмони манзил;
— ба қадри имкон дар ноҳияҳои кӯҳистон барои боғу токзор чудо кардани замин;
– додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои ширдеҳ ё парвариши 20 оилаи занбӯри асал.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон вазифадор карда шудаанд, ки масъалаи ҷудо кардани қитъаҳои заминро ҳал кунанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад






