Эмомалӣ Раҳмон сатҳи таваррумро дар бозори истеъмолии Тоҷикистон яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳо дар ИДМ номиданд

Декабрь 23, 2022 10:42

ДУШАНБЕ, 23.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Паёми худ ба Парлумони кишвар сатҳи таваррумро дар бозори истеъмолии Тоҷикистон яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) номиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Пешвои миллат, сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон 4,2 дарсадро ташкил дод ва ин яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳо дар ИДМ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас мегузоранд.

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии давлатии Тоҷикистон мустақиман пахш гардида истодааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 23, 2022 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад