«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар рӯзи чоруми даври ниҳоии озмун иштирокчиён бо завқи баланд бо ҳам рақобат доранд
ДУШАНБЕ, 08.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чорум аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда, аз 8 то 10 декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) миёни ҳам рақобат менамоянд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Тавре қаблан хабар дода будем, озмуни мазкур 5 декабр оғоз гардида, аз рӯйи 5 номина – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат мегирад.
Тибқи ҷадвали тасдиқшуда, иштирокдорон вобаста ба гурӯҳҳо – 5-7 декабр хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), 8-10 декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), 11-12 декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 13-15 декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ва 16 декабр барои дарёфти Шоҳҷоиза донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли чорум аст, ки дар кишвар баргузор мегардад ва Низомномаи он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 тасдиқ шудааст. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошанд.
Хонандаи синфи 5-и МТМУ № 4-ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Умеда Ниёзализода, ки дар номинаи «Адабиёти муосир» иштирок намудааст, новобаста аз синн китобҳои зиёде мутолиа намудааст. Ӯ вақти зиёди худро дар китобхона сипарӣ менамояд. Ба зикри ӯ, китобхона махзанест, ки ба шахс илму адаб меомӯзад.
«Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба нав меомӯзонад. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сар то сари мамлакат озмуни мазкур доир гардида, сабаби он гардид, ки наврасону ҷавонон бештар ба мутолиаи китоб рӯ оваранд»,-мегӯяд ӯ.
Умеда Ниёзализода дар баробари мутолиаи китобҳои бадеӣ ва аз бар намудани шеърҳои шоирон инчунин дар вақтҳои холигӣ ба эҷоди шеър машғул мегардад.
«Фазои орому осуда, ободиву шукуфоии Ватан ба ман илҳоми эҷодӣ мебахшад. Аз ин рӯ шеърҳои худро дар васфи Ватан-модар эҷод менамоям»,-мегӯяд Умеда Ниёзализода.
Ҷонишини сармуҳарири ҳафтаномаи «Омӯзгор», узви ҳайати доварони номинаи назму наср Абдурауф Муродӣ иброз медорад, ки афзалияти озмун дар он аст, ки имрӯз хурду бузург перомуни китоб, назму наср сухан мегӯянд.
«Чуноне мушоҳида менамоем, имрӯз наврасону ҷавонон ба ин озмун на аз рӯи ҳавову ҳавас, балки бо амри дил омадаанд, гувоҳи ин гуфтаҳо асарҳои мутоликарда ва пешниҳоднамудаи онҳост»,-мегӯяд довари озмун.
Ба андешаи ӯ, иштирокчиёни озмун нишон медиҳанд, ки ояндаи назму насри тоҷик дурахшон аст, зеро беҳтарин қаламкашон ба воя расида истодаанд. Озмуни мазкур низ ба рушду равнақи дониши онҳо мусоидат менамояд», -гуфт Абдурауф Муродӣ.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» то 15 декабр идома меёбад. 16 декабр барои дарёфти Шоҳҷоиза беҳтарин иштирокчӣ донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






