«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имрӯз дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмун оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 05.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад. Иштирокчиёни даври ниҳоии озмун аз рӯйи 5 номина – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср маҳорат меозмоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар он 442 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 1-11), 83 нафар донишҷӯён (магистрантон, аспирантон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат меварзанд.
Тибқи ҷадвали баргузории озмун, иштирокдорон вобаста ба гурӯҳҳо — хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ваибтидоиикасбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, эҷоди назму наср (бахши назм ва бахши наср) барои дарёфти Шоҳҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






