ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ анҷом дод

Декабрь 29, 2022 10:18

ДУШАНБЕ, 29.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи  мунтахаби ҷавонони то 20-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол   таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар шаҳри Душанбе ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимӣ анҷом дод, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ сармураббии дастаи мунтахаби  ҷавонони Тоҷикистон Олег Кубарев тамоми бозигаронеро, ки дар ихтиёри даста буданд, аз назар гузаронд. Мавриди зикр аст, ки дастаи мунтахаби ҷавонони  Тоҷикистон  дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии моҳи декабр бо дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (2:0, 1:1) ду бозии санҷишӣ доир кард. Тибқи нақшаи ситоди мураббиён, ҷамъомади навбатии тамринӣ дар Душанбе 6 январ доир мешавад.

Бояд гуфт, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола аз 1 то 18 март дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад. Дар чемпионати Осиё  дастаи мунтахаби ҷавонони  то 20-солаи  Тоҷикистон   дар гурӯҳи «С» бо  дастаҳои мунтахаби ҷавонони  Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунад.

Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон дар Узбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда дар кишвари Индонезия дар назар аст, роҳхат мегиранд.

Акс: ФФТ

Декабрь 29, 2022 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад