«ХОНАНДАИ СОЛ — 2022». Иброҳим Одинаев аз гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ ғолиби даври шаҳрии озмун гардид
ДУШАНБЕ, 31.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи Гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ Иброҳим Одинаев дар даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2022» сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Озмуни мазкур тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ хонандаи МТМУ №8 ноҳияи И.Сомонӣ Розиямоҳ Заидова, хонандаи МТМУ №94 ноҳияи Сино Фархунда Асророва, хонандаи МТМУ №16 ноҳияи Шоҳмансур Самира Ҳамроева, хонандаи Гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ Иброҳим Одинаев ва хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Сангинов иштирок намуданд.
Тибқи шартҳои озмун дар қисмати аввали рўзи 19 декабр корҳои тестӣ ва қисмати дуюми рӯз корҳои хаттӣ аз фанҳои таълимӣ ва дар рўзи дуюм, яъне 20 декабр саволу ҷавоб, донистани компютер, маҳорати суханварӣ, намоиши корҳои эҷодӣ ва ҳисоботи эҷодии довталаб гузаронида шуд.
Ғолиби даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2022» дар чорабинии бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






