«ХОНАНДАИ СОЛ — 2022». Иброҳим Одинаев аз гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ ғолиби даври шаҳрии озмун гардид

Декабрь 31, 2022 12:27

ДУШАНБЕ, 31.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи Гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ Иброҳим Одинаев  дар даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2022» сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Озмуни мазкур тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ хонандаи МТМУ №8 ноҳияи И.Сомонӣ Розиямоҳ Заидова, хонандаи МТМУ №94 ноҳияи Сино Фархунда Асророва, хонандаи МТМУ №16 ноҳияи Шоҳмансур Самира Ҳамроева, хонандаи Гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ Иброҳим Одинаев ва хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе  Абдураҳим Сангинов иштирок намуданд.

Тибқи шартҳои озмун дар қисмати аввали рўзи 19 декабр корҳои тестӣ ва қисмати дуюми рӯз корҳои хаттӣ аз фанҳои таълимӣ ва дар рўзи дуюм, яъне 20 декабр саволу ҷавоб, донистани компютер, маҳорати суханварӣ, намоиши корҳои эҷодӣ ва ҳисоботи эҷодии довталаб гузаронида шуд.

Ғолиби даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2022» дар чорабинии бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Декабрь 31, 2022 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоиши ҷойи холии кор баргузор гардид
ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад
Президенти Тоҷикистон барои иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ дастур доданд
Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир шуд
««ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба муаммоҳои глобалии экологӣ ҳамоиш доир шуд
Давраи якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ то 30 апрел идома меёбад
Қабули ҳуҷҷатҳо барои соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея оғоз гардид