Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Саммити 6-уми иқтисодии Истанбул муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар» /. Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити 6-уми иқтисодии Истанбул иштирок намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
8-9 декабр бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор дар Саммити 6-уми иқтисодии Истанбул ширкат намуд.
Ҳамоиши байналмилалӣ зери унвони «Занҷираи ҷаҳонии арзиш» ташкил гардида, дар кори он мавзӯъҳои «Дигаргуниҳои иҷтимоӣ», «Имконият барои соҳибкорзанон дар занҷираи таъминот», «Ташаккули арзиш дар соҳаи сайёҳӣ аз сатҳи маҳаллӣ то ҷаҳонӣ», «Трансформатсияи рақамӣ ва сабз дар минтақаҳои саноатӣ», «Нақши автомобилҳои электронӣ дар соҳаи энергетика ва дигаргунсозии он», ва «Инноватсия дар соҳаи тандурустӣ барои рушди устувор» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар панели «Ташаккулёбии арзиш дар соҳаи сайёҳӣ аз сатҳи маҳаллӣ то ҷаҳонӣ» муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод вобаста ба захираҳои сайёҳӣ ва имконияти ҳамкорӣ дар ин самт маълумот дод.
Сайёҳӣ соҳаи ояндадорест, ки тамоми ҷаҳонро бо ҳам мепайвандад, миллатҳои гуногунро муттаҳид мекунад, ба ҳамкории осоишта, табодули таҷриба ва нафъи мутақобила мусоидат мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия давлатҳои дорои таърихи тӯлонии фарҳангӣ дар масири Роҳи Абрешим буда, равобити фарҳангии ду мамлакат пайванди таърихии тӯлонӣ доранд.
Аз соли 2019 Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Туркия оид ба сайёҳӣ таъсис дода шуд ва то имрӯз нишастҳои Комиссия дар Душанбе ва Истанбул баргузор гардида истодаанд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид






