Имсол дар Суғд 151 корхонаву коргоҳи нав бо фарогирии 2820 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд
ДУШАНБЕ, 21.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 2904 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида буд. Дар натиҷаи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳавию минтақавӣ давоми 11 моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 151 корхонаву коргоҳи нав бо фарогирии 2820 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар ин бора зимни баргузории Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум, ки 20 декабри соли равон доир гардид, гуфта шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар иҷлосия зикр гардид, ки давоми 11 моҳи соли 2022 дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 21759,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3595,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,6 фоизро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар вилоят аз ҷониби корхонаи муштараки «Зарафшон» корхонаи нави металлургӣ бунёд гардида истодааст, ки то имрӯз 95 фоизи корҳои он ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамчунин соли равон дар вилоят 12 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 269 ҷойи нави корӣ ва 3 коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 46 ҷойи корӣ ва даҳҳо корхонаҳои дигар таъсис ёфтанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»/Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






