Конференсияи ҷумҳуриявии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба самаранокии кори воситаҳои техникӣ бахшида шуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзӯи «Техника ва технологияи истеҳсолоти кишоварзӣ: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур.
Дар конференсия олимони соҳа оид ба баланд бардоштани самаранокии кори воситаҳои техникӣ, эътимоднокӣ, истифода ва технологияи кишоварзӣ, технологияи парвариши зироати кишоварзӣ, роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироат тавассути истифодаи самараноки технологияҳои муосир, технологияи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар масъалаҳо маърӯза намуданд.
Зикр шуд, ки самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ аз дараҷаи ҳалли проблемаҳои зиёд, аз ҷумла аз сатҳи истифодаи мошинҳо ва воситаҳои энергетикӣ ва мукаммалнамоии технологияи коркарди хок ва таъмини соҳаи кишоварзӣ бо техникаҳои кишоварзии муосир вобастагии калон дорад. Таҳқиқ ва таҳлилу омӯзиши технологияҳо ва парвариши зироати кишоварзӣ дар заминҳои лалмӣ нишон дод, ки истифодаи мошинҳои кишоварзии чуқурнамкунак метавонад барои парвариши зироати кишоварзӣ беҳтарин шароит фароҳам орад. Муайян карда шудааст, ки дар натиҷаи ковок намудани сатҳи хок дар миқёси 40-50 см хусусияти нигоҳдории намӣ хуб мешавад.
Дар конфронс намояндагон аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг», корхонаи ҶДМП «Агротехсервич»-и шаҳри Ҳисор, Корхонаи давлатии санҷиши мошинҳои кишоварзии (МИСМС), Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзии АИКТ ва дигарон иштирок намуданд.
АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






