Корхонаи ресандагии «Арвис Зелал Текстайл»-и Мастчоҳ пас аз васлу насби таҷҳизот ба фаъолият оғоз кард
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи ресандагии «Арвис Зелал Текстайл» (собиқ корхонаи «Олим-Текстайл»)-и ноҳияи Мастчоҳ пас аз васлу насби таҷҳизот ва таҷдиду навсозии хатҳои технологӣ ба фаъолият омода гардида, ба қабули коргарон оғоз намудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
«Арвис Зелал Текстайл» бо ташаббуси соҳибкорони тоҷику турк ба кор андохта шуда, дар корхона коркарди нахи пахта ба роҳ монда шудааст.
6 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур боздид намуд. Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки барои қабули коргарон озмун эълон гардида, занону бонувон ва мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб гардида истодаанд.
Соҳибкорони тоҷику турк ният доранд, ки дар оянда маҳсулоти тайёр низ истеҳсол намуда, ба бозор пешниҳод созанд.


Дар фабрикаи ресандагӣ мутахассисони ҷавон ба кор қабул карда шуда, аз ҳисоби корхона аз омӯзиш низ мегузаранд. Дар назар аст, ки баробари ба фаъолият оғоз кардан дар марҳилаи аввал 300 нафар бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шаванд.
Раиси вилоят барои ҷалби коргарон ба корхона ва таъмин намудани сокинон бо ҷойи кор ба масъулин супоришҳо дода, изҳор дошт, ки барои коркарди бештари нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо истифода аз таҷрибаи соҳибкорони турк аз имконияти мавҷуда самаранок истифода баранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






