Лоиҳа оид ба танзими шуғли аҳолӣ дар кишварҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр ҳамоиши нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) оид ба иқтисод ва молия дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, ки дар он «Лоиҳа оид ба танзими шуғли аҳолӣ дар кишварҳои ИДМ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, муовини Раиси комиссияи доимии иқтисод ва молияи АБ ИДМ Маҳмадалӣ Қурбонзода дар кори ҳамоиши нақшавии комиссияҳои доимии АБ ИДМ ширкат варзид.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи мазкур миёни иштироккунандагони маҷлиси машваратӣ мароқи калон ба амал овард. Шуғли платформа як қолаби муассир ва муҳим барои дохил шудан ба бозори меҳнат мебошад, ки истифодаи платформаҳои онлайнро ҳамчун миёнарав миёни провайдерҳои хидматрасон ва истеъмолкунандагон дар бар мегирад.
Аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон роҳҳои ҳалли ба системаи мавҷудаи муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ дохил намудани ин сиғаро ҷустуҷӯ мекунанд.
Иштирокчиёни ҷаласаи мазкур- директори генералии RocketWork Анастасия Ускова роҷеъ ба мавзӯи «Фарогирии табдили рақамии бозорҳои меҳнат ва рушди шуғли аҳолӣ ҳамчун падида», президенти ҶСК «Маркази рушди меҳнат»-и Ҷумҳурии Қазоқистон Даулет Аргандиков «Дар бораи қадамҳои минбаъда дар рушди шуғли аҳолӣ», ноиби президент, директори Маркази сиёсати танзими ҶШС Екатерина Папченкова «Дар бораи танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар Россия ва дигар кишварҳо» маърӯза намуданд.
Акс: МН МО ҶТ








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






