Мактабҳои шаҳри Левакант бо тахтаҳои электронӣ таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 22.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант 10 адад тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо бо тариқи тендер харидорӣ гардида, ба муассисаҳои таълимии рақамҳои 1,2,4,6,7,8,11,13,14 ва Литсейи давлатии №1-и шаҳр тақсимот гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Ҳамчунин аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маҷмуъ тахтаҳои электронӣ ва 6 адад компютер тақдим гардид, ки онҳо ба муассисаҳои таълимии рақамҳои 5,10 ва 12 –и шаҳр дастрас шуданд.
Имрӯз аз ҷониби мутахассисони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди бахши маорифи шаҳри Левакант 4 адади он дар муассисаҳои таълимии №1, 2, 8 ва 14 насб карда шуданд. Боқимондаҳои тахтаҳои электронӣ марҳила ба марҳила дар рӯзҳои минбаъда дар мактабҳои шаҳр насб карда мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант баҳри таъмин намудани дигар муассисаҳои таълимӣ бо тахтаҳои электронӣ ва компютер мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон









8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






